2 декабри соли 2025, гурӯҳи кории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» бо мақсади омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бохтар сафар намуд. Ҳадафи асосии омӯзиш арзёбии сатҳу сифати дониш ва расонидани ёрии амалӣ-методӣ ба омӯзгорону маъмурияти литсей мебошад. Дар ҷараёни омӯзиш гурӯҳи корӣ фаъолияти таълимӣ, ташкили дарсҳо, ҳолати маҳфилҳои илмӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳо, инчунин шароити моддӣ-техникии муассисаро мавриди таҳлил қарор дод.


