ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ МЕТОДӢ БА “МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН”

12/31/2025
TelegramFacebook
1 / 5
Нимаи дуюми рӯзи 2 декабри соли 2025 гурӯҳи кории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» бо мақсади омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” ба ноҳияи Кушониён ташриф овард. Ҳадафи омӯзиш арзёбии сатҳу сифати таълим, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳо ва расонидани ёрии амалӣ-методӣ ба омӯзгорону маъмурияти муассиса буд. Гурӯҳи корӣ раванди таълим, ташкили дарсҳо, истифодаи усулҳои муосири таълим ва шароити моддӣ-техникии мактабро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар рафти омӯзиш бо омӯзгорону роҳбарияти муассисаи таълимӣ мулоқот баргузор гардида, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди истеъдодҳои хонандагон, таҳкими кори маҳфилҳои илмӣ ва омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуданд. Бар асоси омӯзиш тавсияҳои методӣ ва амалии зарурӣ пешниҳод гардиданд.