Таҳти роҳбарии Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи кории Марказ доир ба омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён» ва «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бохтар шунида шуд. Дастовардҳо, мушкилот, сатҳу сифати таълим, омодагии хонандагон ба олимпиадаҳо ва ҳолати таъминоти моддӣ-техникии ин муассисаҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. Сипас, фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбарони ин марказҳо оид ба раванди татбиқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, ҷараёни маҳфилҳои фаннӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва иҷрои вазифаҳои ташкилӣ ҳисобот доданд. Дар анҷом, Муовини вазири маориф ва илм барои пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи таълим, беҳтарсозии фаъолияти маҳфилҳо ва бартараф кардани норасоиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дода, иҷрои босифати онҳоро дар муҳлати кутоҳ таъкид намуд.


