11 декабри соли 2025 дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа - шаҳри Пномпен бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гардид. Ин лаҳза танҳо як маросими пазироӣ нест, он оғози сафари муҳимми академӣ аст, ки дар се кишвари Осиё идома ёфта, Тоҷикистонро дар сатҳи Осиё боз ҳам беҳтар муаррифӣ мекунад.
Ҳайати роҳбариияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ин сафари омӯзишиву озмоишӣ дар канори даста қарор дошта, бо масъулияти баланд ин сафарро ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳузури роҳбарияти Марказ ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад: 🔹 дастгирии ҳамаҷонибаи дастаи миллӣ;🔹 табодули таҷрибаи муосир бо кишварҳои пешрафта;🔹 дарёфти ҳамкориҳои инноватсионӣ дар самти рушди истеъдодҳо;🔹 таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар маҷмӯи олимпиадаҳои байналмилалӣ. Ҷузъи муҳими сафар — имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Марказ ва Bright Academy (Cambodia) мебошад. Ин санад дарҳои навро барои барномаҳои муштарак, табодули дониш, ташкили тренингҳо ва омодасозии насли нави истеъдодҳои тоҷик мекушояд. Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчӣ, балки шарики боэътимоди равандҳои байналмилалии маориф мебошад. Ифтихор аз дастаи худ дорем ва бо боварии комил интизори муваффақиятҳои онҳо дар даври глобалии AMC–2025 ҳастем.


