ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО 51 МЕДАЛ БА ВАТАН БАРГАШТ

12/31/2025
TelegramFacebook
1 / 10
23 декабри соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMC–2025) иштирок намуда буд, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргашта, ҳайати даста бо шукӯҳу ифтихор пешвоз гирифта шуданд. Олимпиадаи мазкур 12 декабр дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа - шаҳри Пномпен бо иштироки беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари Осиёӣ баргузор гардида, рақобат дар он дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт. Боиси ифтихор аст, ки хонандагони тоҷик дар ин сабқати бонуфуз маҳорати баланд нишон дода, сазовори 51 медал, аз ҷумла 14 медали тилло, 17 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо ба даст овардани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтарин иштирокдорони Олимпиада шомил гардида, номи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд. Ин натиҷа бозгӯи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди истеъдодҳои наврасон мебошад.