ЯК МЕДАЛИ ТИЛЛО, ЯК МЕДАЛИ НУҚРА ВА ПАНҶ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ДАР ХАЗИНАИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН

1/26/2026
TelegramFacebook
1 / 6
17-уми январи соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн маросими истиқболи иштирокдорон ва ғолибони Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков баргузор гардид. Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар XXII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва информатика – IzhO-2026, ки аз 10 то 14 январи соли 2026 дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида буд, бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ба Ватан баргаштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 даста, иборат аз 28 нафар хонанда намояндагӣ намуда, дар натиҷаи рақобати илмии сатҳи баланд миёни 731 нафар хонанда аз 16 кишвари ҷаҳон сазовори 7 медал гардиданд. Аз ҷумла, 1 медали тилло аз фанни физика, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ аз фанни математика. Қобили зикр аст, ки тайи ҳафт соли охир бори аввал хонандаи тоҷик дар ин олимпиадаи бонуфуз ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медали тилло гардид, ки ин дастоварди таърихӣ нишонаи рушди устувори ҳаракати олимпӣ ва иқтидори баланди зеҳнии хонандагони тоҷик мебошад.