БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «IMO-2026»

1/26/2026
TelegramFacebook
1 / 5
24-уми январи соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври аввали интихобии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMO 2026» баргузор гардид. Дар даври аввали интихобӣ зиёда аз 60 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ширкат варзида, байни ҳам сабқатозмоӣ намуданд. Мақсад аз баргузории Олимпиадаи мазкур ташвиқ ва рушди қобилиятҳои илмӣ ва зеҳнии хонандагон аз фанни математика мебошад. Олимпиада барои ҷалб кардани ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, ҷалби онҳо ба муҳити тадқиқотӣ ва рушди ихтисосҳои илмӣ пешбинӣ шуда, даври ниҳоии он аз 10 то 20 июли соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Қобили қайд аст, ки аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика бо ҳадафи дарёфти чеҳраҳои нави риёзидон ва тарғиби омӯзиши фанни математика соли 1959 дар Руминя баргузор гардидааст.